Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар Tbilisi Grand Slam 2022

Дар мусобиқаи "Tbilisi Grand Slam 2022", ки рӯзҳои 3-5-уми июн дар пойтахти Гурҷистон – шаҳри Тбилиси баргузор шуд, Тоҷикистонро 9 ҷудокори кишвар муррифӣ кард. Мутаассифона, мусобиқа барои ҷудочиёни тоҷик бидуни медал ба анҷом расид.

Тоҷикистонро дар сабқати мардон Нуралӣ Эмомалӣ, Шаҳбоз Саидабуроров (ҳарду -66кг), Маҳмадшариф Наҷмуддинов, Муҳаммадраҳим Сарахонов (ҳарду -73 кг), Шодмон Ризоев, Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81 кг), Кароматулло Ҳакимов (-90 кг), Мансур Раҳмон ва Абубакри Акобир (ҳарду -100 кг) намояндагӣ карданд.

Аз байни гуштигирони тоҷик се нафар - Шаҳбоз Саидаброров, Муҳаммадраҳим Сарахонов ва Шодмон Ризоев - натиҷаҳои беҳтар нишон дода, дар вазни худ мақоми ҳафтумро касб карданд.

Ёдовар мешавем, соли гузашта дар "Tbilisi Grand Slam 2021” ду паҳлавони тоҷик – Шаҳбоз Саидабуроров ва Комроншоҳи Устопириён - ширкат доштанд. Шаҳбоз медали биринҷӣ ба даст овард, вале Комроншоҳ ноком шуд.