Беҳрӯз Хоҷазода пас аз ду соли муолиҷа ба майдони набард бозгашт

Беҳрӯз Хоҷазода ҷудокори машуҳри кишвар ба майдони набард бозгашт. Ӯ ки дар арсаи байналмилалӣ барои Тоҷикистон ифтихорофариниҳо дошт, пас аз ду соли муолиҷа ба тамринҳои худ оғоз кардааст то дубора парчами меҳани худро дар сатҳи байналмилалӣ парафшон намояд.

Яке аз мақсадҳои асосии Хоҷазода иштирок дар чемпионати ҷаҳон мебошад вале ба хотири тағйири баъзе қоидаҳо дар Федератсияи байналмилалии ҷудо шахсоне метавонанд дар мусобиқаи ҷаҳонӣ иштирок кунанд, ки соҳиби холҳои муайян бошанд. Хушбахтона дар Гранд Слеми Улан-Батор  ҷудокорон метавонанд соҳиби холҳои олимпӣ гарданд. Беҳрӯз  тӯли ин ду сол мусобиқаҳои байналмилалии ҷудоро пайгирӣ кардааст то аз тактика ва техникаи рақибони худ бехабар набошад.

Ба гуфтаи Беҳрӯз феълан таваҷҷӯҳи ӯ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ аст ва Федератсияи ҷудои кишвар номи ӯро дар барнома ва нақшаҳои таҳиякардааш шомил намудааст. Бинобар ин ҷиҳати баромади муваффақ дар майдонҳои берун аз кишвар, тамринҳоро ҷиддӣ гирифтааст.