Барномаи «Рушди сохтори варзиши ҷудо» оғоз ёфт

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи ҷудои кишвар ва дастгирии Федерацияи байналмилалии ҷудо (IJF) барномаи «Рушди сохтори варзиши ҷудо»-ро амалӣ мекунанд.

Иҷрои ин барнома дар толори варзишии “Устопириён”-и шаҳри Хуҷанд оғоз шуда, дар минтақаҳои гуногуни кишвар идома хоҳад дошт.


Дар доираи ин барнома семинари омӯзишӣ барои мураббиён ва доварони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор шуд. Семинари омӯзшӣ, ки ба таври амалӣ ҷараён гирифт, бо мақсади бардоштани малакаю маҳорати мураббиён ва доварони ҷудо роҳандозӣ карда шуд, то мураббиён минбаъд ба шогирдон нозукиҳои ҷудоро омузонанд ва доварон дар мусобиқаҳо таҷрибаи андухтаашонро ба кор баранд.


Атоулло Аббоснажод - мураббии байналмилалии дорои дани ҳаштум аз Федератсияи ҷаҳонии ҷудо ва Рамзӣ Шамиров -  довари дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон барои иштирокчиён омӯзишҳои лозимро ироя намуданд.


Лозим ба зикр аст, ки барномаи «Рушди сохтори варзиши ҷудо» давоми се моҳ дар минтақаҳои гуногуни кишвар амалӣ мегардад.