Натиҷаҳои ҷудокорони тоҷик дар Grand Slam Hungary 2022

Дар пойтахти Маҷористон – шаҳри Будапешт мусобиқаи Grand Slam Hungary 2022 ба анҷом расид. Мутаассифона мусобиқаи мазкур барои ҷудокорони тоҷик бидуни дастоварде хотима ёфт.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 5 нафар ҷудокор муаррифӣ карданд: дар вазни -60кг – Муҳаммад Маҳмадизода, -66кг – Шаҳбоз Саидабуроров, -73кг – Беҳрӯз Хоҷазода, -90кг – Ҷаҳонгир Маҷидов ва Комроншоҳ Устопириён. 

Муҳаммад Маҳмадизода (-60КГ) рақобатро аз даври дуюм муқобили Дат Чу аз Ветнам оғоз кард. Ҷудокори тоҷик дар ин қувваозмоӣ бидуни мушкилӣ бар ҳарифаш пирӯз шуд, вале дар даври сеюм аз Ариунболд Энхтайвани муғул дар «голден скор» мағлуб шуд.

Final Results -60KG

1. VERSTRAETEN Jorre (BEL)
2. CHKHVIMIANI Lukhumi (GEO)
3. VALADIER PICARD Romain (FRA)
3. NOZADZE Temur (GEO)
5. NARBAYEV Bauyrzhan (KAZ)
5. ENKHTAIVAN Ariunbold (MGL)
7. ENKHTAIVAN Sumiyabazar (MGL)
7. PANTANO Angelo (ITA)


Шаҳбоз Саидабуроров (-66КГ) дар нахустин рақобаташ аз Элиос Мантсии итолиёвӣ бо дарёфти се «шидо» ноком шуд.

Final Results -66KG

1. ABE Hifumi (JPN)
2. SUBHONOV Rakhimjon (UZB)
3. FLICKER Tal (ISR)
3. GANBOLD Kherlen (MGL)
5. KHYAR Walide (FRA)
5. KODZHAKOV Ramazan (BRN)
7. MARGVELASHVILI Vazha (GEO)
7. NIETO CHINARRO Adrian (ESP)


Беҳрӯз Хоҷазода (-73КГ), ки дар даври аввал озод буд, нерусанҷиро аз даври дуюм бар зидди Марк Христов аз Булғористон шурӯъ кард. Христови булғорӣ бо дарёфти се танбеҳ рақобатро ба Беҳрӯз бохт.

Дар даври сеюм Беҳрӯз муқобили Игор Вандтке аз Олмон қарор гирифт. Дар вақти асосӣ ҷудочиён ғолибро муайян карда натавонистанд ва кор ба вақти тиллоӣ кашида шуд. Дар «голден скор» Хоҷазода бо иҷрои «сеои нагэ» имтиёзи ғалабаовари «ваза-ари»-ро касб намуд ва роҳашро ба чорякниҳоӣ ҳамвор сохт.


Мутаассифона, дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори маъруфи озарӣ – Ҳидоят Ҳайдаров ва дар даври тассалобахш аз ҷудочии Исроил – Бутбул Тоҳар шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза барои нишонҳои мусобиқа маҳрум гашт.

Final Results -73KG

1. HEYDAROV Hidayat (AZE)
2. SHAVDATUASHVILI Lasha (GEO)
3. ORUJOV Rustam (AZE)
3. BUTBUL Tohar (ISR)
5. ESTRADA Magdiel (CUB)
5. STODOLSKI Adam (POL)
7. KHOJAZODA Behruzi (TJK)
7. BASILE Fabio (ITA)


Ҷаҳонгир Маҷидов (-90КГ) дар даври якум бар ҷудочии Чехия – Давид Кламмерт бо як «ваза-ари» пирӯз шуд.

Дар даври дуюм Ерасил Жанатаеви қазоқро бо ду «ваза-ари» ноком кард. Мутаассифона, дар даври сеюм аз ҷудокори маъруфи гурҷӣ – Бека Гвиниашвили шикаст хӯрд ва аз идомаи сабқат бенасиб гашт.


Комроншоҳ Устопириён (-90КГ) рақобатро аз даври дуюм муқобили Мунхбаяр Баттогтох аз Муғулистон оғоз кард. Устопириён 12 сония монда ба анҷоми рақобат бо иҷрои зиддиусул имтиёзи «иппон» касб намуд ва ғолиби қувваозмоӣ гашт.

Дар даври сеюм бо ҷудокори 21-солаи гурҷӣ - Ника Харазишвили нерусанҷӣ кард. Ду варзишгар дар вақти асосӣ имтиёзе аз ҳамдигар касб накарданд ва ҳамин тариқ вақт ба «голден скор» кашида шуд. Дар «голден скор» Комроншоҳ бо иҷрои зебои «учимата» имтиёзи ғалабаовари «ваза-ари»-ро касб кард ва ба чорякниҳоӣ баромад.


Мутаассифона, дар ин давр аз варзишгари Бразилия – Рафаэл Маседо бо «иппон» шикаст хӯрд. Дар даври тассалобахш бошад, аз ҷудокори мизбон - Гергели Нерпел ноком ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум шуд.

Final Results -90KG

1. MURAO Sanshiro (JPN)
2. PARLATI Christian (ITA)
3. GVINIASHVILI Beka (GEO)
3. SILVA MORALES Ivan Felipe (CUB)
5. NERPEL Gergely (HUN)
5. MACEDO Rafael (BRA)
7. JAYNE John (USA)
7. USTOPIRIYON Komronshokh (TJK)


Зимнан, рӯзҳои 15-17 июл ҷудокорони кишвар дар шаҳри Загреби Хорватия дар мусобиқаи Гран-при Загреб (Zagreb Grand Prix 2022) ширкат меварзанд.