Иштироки ҷудокорони тоҷик дар Қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон

Indoor Stadium Huamark - Макони баргузории мусобиқа

Ҷудокорони тоҷик дар Чемионати Осиё байни ҷавонон (Asian Junior Championships 2022), ки рӯзҳои 20-21 июл дар пойтахти Тайланд - шаҳри Бангкок баргузор мешавад, ширкат меварзанд.
Дар мусобиқа ҷудокорони соли таваллудашон 2002-2007 аз рӯи 14 вазн (бонувон: -48kg, -52kg, -57kg, -63kg, -70kg, -78kg, +78kg; мардон: -60kg, -66kg, -73kg, -81kg, -90kg, -100kg, +100kg) ширкат меварзанд.

Аз кишвари мо 3 варзишгар – Сируш Эркаев (-60кг)Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) сарфарбар гардиданд.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати мазкур ширкати 163 варзишгар аз 15 кишвари қораи Осиё дар назар аст.

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 20-уми Июл | Чоршанбе
Оғоз:  08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57kg, -63kg
Мардон: -60kg, -66kg, -73kg

Рӯзи 2 | 21-уми Июл | Панҷшанбе
Оғоз:  08:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -70kg, -78kg, +78kg
Мардон: -81 kg, -90 kg, -100 kg, +100 kg


*Вақти Душанбе


Натиҷаҳои қуръакашӣ