Чемпионати Осиё байни ҷавонон барои ҷудокорони тоҷик бидуни медал хотима ёфт

Дар шаҳри Бангкоки Тайланд Қаҳрамонии Осиё (Asian Junior Championships 2022) оид ба ҷудо миёни ҷавонон ба анҷом расид. Мутаассифона дастаи ҷавонони ҷудои Тоҷикистон, иборат аз Суруш Эркаев (-60кг), Сунатулло Лоиқов ва Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (ҳарду -81кг) натавонистанд медал ба даст биёранд.

Суруш Эркаев (-60кг) дар даври аввал бар ҷудокори Арабистони Саудӣ Алҳасан Суғайир бо ду «ваза-ари» дастболо шуд.
Дар чорякниҳоӣ Эркаев варзишгари мизбон – Кититҳон Фуйнойро дар 15 сония бо усули буғӣ кардан ноком кард ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Мутаассифона, ҷудокори ҷавони тоҷик дар нимниҳоӣ аз варзишгари Қазоқистон - Нурканат Серикбаев, дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудочии муғул – Медсайхан Нямсурен шикаст хурд ва аз медали Қаҳрамонӣ бенасиб монд.


Сунатулло Лоиқов (-81кг) дар нахустин рақобаташ бар Сан Ли Вей аз Тайпей бо касби як «ваза-ари» пирӯз шуд, вале дар чорякниҳоӣ аз варзишгари Қирғизистон - Алмазжан уулу Тегин ноком шуд.

Дар даври тассалобахш Лоиқов бар ҷудочии Арабистони Саудӣ – Алҳаҷри Муҳаммад бо «осаекоми» ғалаба ба даст овард ва ба рақобат барои нишони биринҷӣ роҳ ёфт.
Мутаассифона, дар нерусанҷии тақдирсоз аз Максим Мейрлани қазоқ ноком шуд ва мусобиқаро барои худ бидуни медал ба анҷом расонид.


Муҳаммадҷон Абдуҷалилов (-81кг) дар даври якум бар варзишгари ҳинду – Парвендер Парвендер бо «иппон» пирӯз шуд.


Дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори Кореяи Ҷанубӣ  - Парк Юн Ҳюн бо дарёфти се танбеҳ мағлуб шуд.


Дар даври якуми тассалобахш бар варзишгари Кувайт Албарак Халед дастболо шуд, вале дар рақобати тассалобахши дуюм аз Тумурсана Ренчиндорҷ (Муғулистон) шикаст хурд ва аз ҳаққи идомаи сабқат маҳрум гашт.

Ҳамакнун, дастаи ҷавонони ҷудои Тоҷикистон ба Чемпионати ҷаҳон байни ҷавонон, ки аз 10-ум то 13-уми август дар шаҳри Гуаякили Эквадор баргузор мешавад, омодагӣ мебинанд. Дар Қаҳрамонии мазкур ширкати 9 ҷудокори кишвар дар назар аст.