Ширкати 9 ҷудокори кишвар дар Қаҳрамонии Осиё

Макони баргузорӣ - Қасри муҳорибаҳо ба номи Жаксилик Ушкемпиров (Нур-Султон)

Рӯзҳои 4-7 август дар пойтахти Қазоқистон – шаҳри Нур-Султон Чемпионати Осиё оид ба ҷудо (Asian Senior Championships 2022) баргузор мешавад. Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ хоҳад кард.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон) доир мегарданд.

Сомон Маҳмадбеков, ки қаблан дар вазни то 73кг ҳунармоӣ мекард, дараҷаи вазни худро иваз кард. Аз ин пас ӯ дар вазни -81кг баромад мекунад.


Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:
-60kg | Муҳаммад Маҳмадизода
-66kg | Шаҳбоз Саидабуроров
-73kg | Беҳрӯз Хоҷазода
-81kg | Сомон Маҳмадбеков
-81kg | Шодмон Ризоев
-90kg | Комроншоҳ Устопириён
-90kg | Ҷаҳонгир Маҷидов
-100kg | Абубакри Акобир
+100kg | Темур Раҳимов

Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.

Бо иштирок дар ин мусобиқаи бонуфузи қоравӣ варзишгарон имкон доранд хазинаи имтиёзҳои худро дар раддабандии Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) пурра намоянд, инчунин барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2024 дар Париж имтиёзҳои муҳим ба даст биёранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.


Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Чемпионати мазкур 182 варзишгар аз 19 кишвари қораи Осиё ширкат меварзанд.


Барномаи баргузорӣ:
3-юми Август | Чоршанбе
Қуръакашӣ
Оғоз: 13:00

Рӯзи 1 | 4-уми Август | Панҷшанбе
Оғоз:  10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg

Рӯзи 2 | 5-уми Август | Ҷумъа
Оғоз:  10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg

Рӯзи 3 | 6-уми Август | Шанбе
Оғоз:  10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg

Рӯзи 4 | 7-уми Август | Якшанбе
Рақобатҳои даставӣ
Оғоз:  10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 15:00


*Вақти Душанбе


•    Рақобатҳо мустақиман дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ "Варзиш" пахш мешаванд.