Темур Раҳимов – барандаи нишони нуқраи Қаҳрамонии Осиё 2022

Рӯзи сеюми Чемпионати Осиё 2022 ба анҷом расид. Темур Раҳимов дар вазни +100кг ба финал роҳ ёфта, сазовори нишони нуқраи мусобиқа гашт.

Дар рӯзи сеюми Қаҳрамони Тоҷикистонро Ҷаҳонгир Маҷидов, Комроншоҳ Устопириён (ҳарду -90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) муаррифӣ карданд.

Ҷаҳонгир Маҷидов дар нахустин нерусанҷии худ аз намояндаи Лубнон - Карамноб Сагаипов шикаст хурд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Комроншоҳ Устопириён қувваозмоиро аз чорякниҳоӣ муқобили ҷудокори мизбон – Хамза Дидор оғоз кард. Мутаассифона, Устопириён бо дарёфти се «шидо» рақобатро бохт.
Дар даври тассалобахш Комроншоҳ бар ҷудочии Чин - Си Ядонг бо «иппон» дастболо шуд, вале дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Гантулга Алтанбагана (Муғулистон) ноком шуд ва аз касби медали мусобиқа бенасиб монд.

Final results -90kg
1) MURAO Sanshiro (JPN)
2) SHEROV Erlan (KGZ)
3) KHAMZA Didar (KAZ) 
3) GANTULGA Altanbagana (MGL)
5) GRIGORIAN Aram (UAE)  
5) USTOPIRIYON Komronshokh (TJK)


Абубакри Акобир дар даври якум бо иҷрои «осаекоми» бар варзишгари Тайпеи Чин - Лӣ Йи Хсян дастболо шуд, вале дар чорякниҳоӣ аз Отабек Турабоеви ӯзбек шикаст хурд.

Дар рақобати тассалобахш бар Алманбет Мамазаиров (Қирғизистон) пирӯз шуд.


Мутаассифона дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз ҷудокори мизбон - Нурлихан Шерхан шикаст хурд.

Final results -100kg
1) KOSTOEV Dzhafar (UAE)
2) BOZBAYEV Islam (KAZ)
3) BATKHUYAG Gonchigsuren (MGL) 
3) SHARKHAN Nurlykhan (KAZ)
5) TURABOEV Otabek (UZB)  
5) ABUBAKRI Akobir (TJK)


Темур Раҳимов ба рақобат аз чорякниҳоӣ муқобили ҷудокори ӯзбек Бекмурод Олтибоев пардохт. Паҳлавони сангинвазни тоҷик Олтибоевро бо иҷрои зиддиҳамла дар сонияҳои охири рақобат ноком кард ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.

Дар даври нимниҳоӣ ҷудокори дигари ӯзбек – Шоҳрух Бахтиёровро бо ду «ваза-ари» шикаст дод ва ба финали Қаҳрамонӣ баромад.Темур Раҳимов дар дидори ҳалталабу тақдирсоз муқобили ҷудокори маъруфи Ҷопон, қаҳрамони феълии ҷаҳон - Кокоро Кагеура қарор гирифт.
Ҷудокорон набарди шадид анҷом дода, дар вақти асосӣ ғолибро муайян карда натавонистанд. Мутаассифона дар «голден скор» ҷудокори ботаҷрибаи ҷопонӣ бо иҷрои «коучи гари» имтиёзи ғалабаовари «ваза-ари»-ро касб кард ва Қаҳрамони Осиё дар соли 2022 гашт.

Баробари дарёфти медали нуқра, Темур Раҳимов соҳиби 490 хол шуд ва шумораи имтиёзҳояшро ба 3980 расонид. Чунин нишондод Раҳимовро садрнишини ҷадвали радабандии IJF (Федератсияи ҷаҳонии ҷудо) дар дараҷаи вазни +100кг мекунад.Final results +100kg
1) KAGEURA Kokoro (JPN)
2) RAKHIMOV Temur (TJK)
3) OLTIBOEV Bekmurod (UZB) 
3) BAKHTIYOROV Shohrukh (UZB)
5) ODKHUU Tsetsentsenge (MGL)  
5) MAGOMEDOMAROV Magomedomar (UAE)

Дар ҳисоби умумидаставӣ мунтахаби Ҷопон бо касби 9 медали тилло ва 3 нуқра мақоми аввалро азони худ кард. Дар ҷойи дуюм Муғулистон (2 тилло, 5 биринҷӣ) ва дар зиннаи сеюм Ӯзбекистон бо 1 тилло 2 нуқра ва 6 биринҷӣ қарор гирифт. Мунтахаби Тоҷикистон бо 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ҳаштум шуд.

Фардо, дар рӯзи охири Қаҳрамонӣ рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.