Нишони навбатии Шеров аз мусобиқоти Осиё

Дар шаҳри Актауи Қазоқистон Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022) бахшида ба гиромидошти хотираи Турар Жолдибаев идома мебад. Дар рӯзи якуми рақобатҳо Тоҷикистонро панҷ ҷудокор муаррифӣ карда, Абубакр Шеров дар вазни -66кг сазовори нишони нуқра гашт.

Акабарали Кенҷаев (-60кг) дар даври аввал бар варзишгари Тайпеи Чин - Чои Ҳок Чинг дастболо шуд, вале дар даври дуюм аз ҷудочии мизбон Жаксибек Женисбек шикаст хурд.

Аҳмадҷон Аюбов (-66кг) дар даври якум аз Ануар Жумагелдин (Қазоқистон) ноком гашт ва аз идомаи рақобат маҳрум гашт.

Абубакр Шеров (-66кг) нерусанҷиро аз даври дуюм муқобили варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов шуруъ кард. Ҷудокори қазоқ дар оғози вохурӣ тавонист бо иҷрои “коучи гари” аз Шеров имтиёзи “ваза-ари” ситонад, вале Абубакр дар дақиқаи охири рақобат бо истифода аз усули “о гоши” ҳарифро ба паҳлу зад ва дар идома дар ҳолати “осаекоми” нигаҳ дошту ғолиби рақобат гашт.

Дар чорякниҳоӣ Шеров бар ҷудокори дигари мизбон – Болат Билал бо “иппон” пирӯз шуд ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт.


Дар даври нимниҳоӣ Шеров муқобили сеюмин ҷудокори мизбон, ин навбат – Алмас Галимов қарор гирифт. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, дар вақти асосӣ ғолиб муайян нашуд. Ниҳоятан дар дақиқаи дуюми “вақти тиллоӣ” Шеров бо иҷрои “де аши барай” ҳарифро мағлуб кард ва ба финал роҳ ёфт.


Дар финал Абубакр Шеров бо ҷудокори пуртаҷрибаи мизбон – Сунгат Жубаткан нерусаҷӣ кард. Мутаассифона, Шеров бо дарёфти се «шидо» мағлуб ва барандаи медали нуқраи мусобиқа шуд.

Final results -66kg
1. ZHUBATKAN, Sunggat (KAZ)
2. SHEROV, Abubakr (TJK)
3. GALYMOV, Almas (KAZ)
3. BILAL, Bolat (KAZ)


Раҳимов Маҳмудҷон (-73кг) дар нахустин рақобаташ бар ҷудокори Ӯзбекистон Дилшод Шукруллоев пирӯз шуд, аммо дар даври дуюм аз Бахиджан Абдураҳмонови қазоқ ноком шуд.

Наврӯз Каримзод (-73кг), ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар Холиқбердиев Абдулвоҳид аз Ӯзбекистон ғалаба кард.

Мутаассифона, Каримзода дар чорякниҳоӣ аз варзишгари Чин – Юниёнг Гоу, ва дар даври тассалобахш аз намояндаи мизбон – Дархан Коибагар шикаст хурд ва аз идомаи сабқат бенасиб монд.


Зимнан, дар рӯзи дуюми мусобиқа Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг), Кароматулло Ҳакимов (-90кг) ва Амирҷони Насимҷон (-100кг) рӯи татами мебароянд.