Рӯзи дуюми ҷудои Актау барои варзишгарони тоҷик бебарор анҷом ёфт

Дар рӯзи охири Ҷоми кушоди Осиё (Aktau Asian Open 2022), ки дар шаҳри Актауи Қазоқистон ҷараён дорад, Тоҷикистонро се нафар ҷудокор намояндагӣ карданд. Мутаассифона ҳарсе варзишгар дар даври якуми рақобатҳо ноком шуданд ва аз идомаи сабқат маҳрум гаштанд.

Ҳайдар Саидкабирзода (-81кг) дар нахустин қувваозмоӣ аз намояндаи мизбон – Нуржан Биссенов бо ду “ваза-ари” мағлуб шуд.

Кароматулло Ҳакимов (-90кг) дар даври якум аз Куаниш Ратаеви қазоқ бо “иппон” дар “голден скор” ноком шуд.


Амирҷони Насимҷон (-100кг) дар даври аввал аз Адилет Сапаргалиев (Қазоқистон) шикаст хурд ва аз идомаи рақобат бенасиб монд.


Ҳамакнун, дастаи ҷудои Тоҷикистон бо як нишони тиллои Абубакр Шеров (-66кг) мусобиқаро барои худ ба анҷом расонид.