5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ. Натиҷаҳои ҷудокорони кишвар дар рӯзи аввали рақобатҳо

Рақобати ҷудокорони кишвар дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ шуруъ гариданд. Имрӯз Тоҷикистонро миёни мардон: Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73), миёни бонувон: Аҳлия Мӯъминова (-52кг) ва Шоҳида Қаландарова (-57кг) намояндагӣ карданд. Мутаассифона рӯзи якуми қувваозмоиҳо барои ҷудокорони мо бебарор анҷом ёфт.

Аҳлия Мӯъминова дар даври аввал аз ҷудокорбонуи маъруфи Ӯзбекистон, чандинкарат ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ – Диёра Келдиёрова ноком шуд.

Шоҳида Қаландарова дар дидори якуми худ аз варзишгарбонуи Туркменистон – Гюзел Новрузова шикаст хурд ва аз идомаи сабқат маҳрум шуд.

Шаҳбоз Саидабуроров, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм аз варзишгари туркмен – Ҳаким Агамамедов бо як «ваза-ари» мағлуб шуд.

Муҳаммадраҳим Сарахонов ба нерусанҷӣ аз даври дуюм муқобили ҷудочии озарӣ – Нариман Мирзаев пардохт. Ҷудокорон рақобати шадид нишон дода, Сарахонов дар дақиқаи дуюми вохурӣ тавонист бо истифода аз зиддиусул аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» ситонад, вале варзишгари Озарбойҷон 35 сония монда ба охири рақобат ҳисобро баробар кард ва ниҳоятан дар «голден-скор» бо «томоэ наге» Сарахоновро мағлуб кард.

Зимнан, дар рӯзи дуюми рақобатҳо миёни бонувон - Мавлуда Одинаева (-70кг), миёни мардон: Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду -90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) ҳунарнамоӣ мекунанд.