Тоҷикистон: эҳтироми баробар ба мерос ва рушд

Сомонаи расмии Федератсияи ҷаҳонии ҷудо ijf.org зимни муаррифии дастаи занонаи ҷудои Тоҷикистон дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ бо котиби генералии Федератсияи ҷудои кишвар - Шамсия Саидова суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. 

Матни ин суҳбат дар мақолае бо номи Tajikistan: Equal Respect for Heritage and Progress
 (Тоҷикистон: эҳтироми баробар ба мерос ва рушд) чоп шуд. Он дар сархати мақолаҳо барои имрӯз ҷо гирифтааст. Ҳоло мазмуни мухтасари онро пешниҳоди шумо менамоем.
Дар миёни 37 ҳайати дастаҳои иштирокчии рақобатҳои ҷудо дар 5-умин Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ дастаи Тоҷикистон низ ҳузур дорад.

Дастаи Тоҷикистон бузург нест, аммо иштирокчиёни нерӯманд ва боирода дорад. Онҳо дар мусобиқаҳои гуногун дар гӯшаву канори дунё иштирок карда, таҷриба меандӯзанд. Пешсафи дастаи мазкур Темур Раҳимов аст, ки айни замон дар раддабандии вазни беш аз 100кг беҳтарини беҳтаринҳост. Мавсуф чаҳор маротиба дар рақобатҳои мусобиқоти муҳташам ҷоизадор шудааст.


Дастаи бонувони тоҷик таърихи дигар дорад. Онҳо ҳоло танҳо дар ибтидои роҳи омӯзиши ҷудо қарор доранд.
(Котиби генералии Федератсияи ҷудо Тоҷикистон - Шамсия Саидова бо ҳамроҳии бонувони ҷудокори кишвар)

Котиби генералии Федератсияи ҷудо Тоҷикистон Шамсия Саидова ба Қуния на ба сифати шахси муҳим ё сафири даста, балки ба ҳайси роҳбалад сафар кардааст. Ҳоло дастаи занонаи ҷудои Тоҷикистон мураббӣ надорад.

Зимни суҳбат Шамсия қайд намуд, ки: 
"Мо дар Тоҷикистон ҳайати на чандон бузурги ҷудои занонаро дорем. Дар кишварҳои исломӣ аксари оилаҳо духтарони худро барои машғул шудан ба ҷудо ё дигар намудҳои варзиш иҷозат намедиҳанд. Вале ҳамааш тадриҷан тағйир ёфта истодааст. Ва ман умедвор мешавам, ки дар оянда дар Тоҷикистон дастаи бузург ташаккул меёбад.

Айни замон мураббиёни зан нестанд, аз ин рӯ ман ба Туркия ба ҳайси роҳбалад омадам. Ин ба оилаҳои ҷудокорон имкон медиҳад, ки худро ором эҳсос намоянд. Бо дарназардошти ин, мо тасмим дорем, ки аз байни ҷудокорони феълиямон якеашро дар оянда мураббӣ намоем ва ӯ нахустин мураббии дастаи мунтахаби ҷудои занонаи Тоҷикистон гардад. Ҳамаи духтарон дар толорҳои наздик ба хонаашон тамрин мекунанд. Баъзан вақт барои иштирок дар мусобиқаҳои бузург мо онҳоро ба ҷамъомади таълимӣ-тамринӣ ба кӯҳҳо ҷалб менамоем, ки 15 рӯз тӯл мекашанд. Дастаи мардонаамон баъзан вақт барои машқ ба Тошканд мераванд. Дар оянда мехоҳем духтаронро низ ба чунин машқҳо ҷалб намоем."


Пешсафи дастаи занони ҷудои Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова аст. Ӯ аввалин мураббии зан дар ҷудои кишвар мебошад. Ҳоло ӯ мехоҳад, таҷрибаи андӯхтаи худро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба наврасону ҷавонон омӯзонад.
(Муҳаммадмурод Абдураҳмонов -  сармураббии тими мунтахаб бо Шоҳида Қаландарова)

Пешсафи дастаи занони ҷудои Тоҷикистон Шоҳида Қаландарова аст. Ӯ аввалин мураббии зан дар ҷудои кишвар мебошад. Ҳоло ӯ мехоҳад, таҷрибаи андӯхтаи худро аз мусобиқаҳои байналмилалӣ ба наврасону ҷавонон омӯзонад.

Шамсия дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки:
"Шоҳида дар рӯзи якуми Бозиҳои ҳамбастагии Исломӣ дар вазни -57кг иштирок кард. Қабл аз он, ки ба Қуния оянд, ӯ ва дигар аъзоёни ҳайати занонаи Тоҷикистон бо ҳайати дастаи ҷудои мардона дар якҷоягӣ тамрин карданд. Онҳо мисли хоҳару бародари ҳақиқианд. Тадриҷан, муносибати волидайн низ ба машқварзии духтарон дигар шуда истодааст."

Айни замон дар Тоҷикистон дар миёни бонувон довталабони ҷоизаҳо дао мусобиқаҳои байналмилалӣ нестанд, аммо онҳо барои ноил шудан ба ин ҳадаф талош доранд. Боиси хушнудист, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои пайдо кардани роҳи ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар байни ҷудокорони зан талош менамояд ва ҷудоро миёни бонувон тарғиб мекунад. Акнун ба онҳо лозим аст, ки барои расидан ба дастовардҳои назарраси  варзишӣ талош намуда, қадам ба қадам пеш раванд.

Сарчашма - IJF.ORG
Тарҷумаи мақола - Парвизи Маҳмадамин