Мунтахаби мардони ҷудои кишвар бо медалҳои биринҷӣ аз Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ба Ватан бармегардад

Дар рӯзи охири мусобиқоти ҷудо (дар доираи Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ) рақобатҳои даставӣ доир шуданд, ки бори аввал Тоҷикистон дар он ширкат ва барандаи нишони биринҷӣ гашт.

Рақобатҳо аз рӯи панҷ вазн (-66, -73, -81, -90 ва +90кг) миёни мардон сурат гирифтанд.

Ҳайати дастаи мардонаи кишвар мебоист дар даври аввал бо мунтахаби Ӯзбекистон рақобат кунад, вале тими Ӯзбекистон бо сабаби ҷароҳати ҷудокоронаш аз иштирок дар ин марҳила даст кашид ва дастаи мо мустақиман ба чорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бо сабаби як нафар кам будани ҳайтаи тими мо (Муҳаммадраҳим Сарахонов -73кг) тими кишвар рақобатҳоро бо ҳисоби 1:0 ба суди ҳариф оғоз мекард.

Ҳамин тавр, тими Тоҷикистон рақобатро аз чорякниҳоӣ муқобили мунтахаби Сенегал оғоз кард. Пирӯзиҳои Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг) ва Комроншоҳ Устопириён (-90кг) боис гардидан, ки Тоҷикистон бо ҳисоби умумии 2 бар 1 ғолиб шавад ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёбад.

Дар нимниҳоӣ мунтахаби мардони кишвар бо тими Озарбойҷон вориди майдони рақобат шуданд. Мутаассифона ғалабаи Шодмон Ризоев (-81кг) кофӣ набуд, ки ҷудокорони мо ба финали мусобиқа роҳ ёбанд, зеро Саидабуроров ва Устопириён дар рақобатҳои худ мағлуб шуданд ва дар натиҷа - дастаи мо бо ҳисоби умумии 3-1 ноком шуд.

Дар мубориза барои нишони биринҷии мунтахаби кишвар бо тими Қазоқистон нерусанҷӣ кард. Мутаассифона, дар рақобати якуми инфиродӣ Саидабуроров дучори шикаст шуд, вале пирӯзиҳои пай дар пайи ҷудочиёни мо (Ризоев, Маҷидов -90кг, Устопириён +90кг) боис шуд, ки тими Тоҷикистон бо ҳисоби умумии 2-3 пирӯз ва барандаи нишони биринҷии мусобиқа гардад.
Final results
1) Azerbaijan
2) Turkiye
3) Tajikistan
3) Iran

Ҳамакнун, барои мунтахаби ҷудои кишвар ин аввалин медал аз рақобатҳои даставӣ ба ҳисоб меравад.

Хотиррасон мекунем, ки мунтахаби бонувони ҷудокори тоҷик бо сабаби нопурра будани ҳайат дар сабқатҳои даставӣ ширкат накарданд.