«Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷудо - 2022». Барномаи баргузорӣ

19-20 сентябр дар шаҳри Хуҷанд 9-умин мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оид ба ҷудо доир мегардад.

Мусобиқа дар Қасри варзишии шаҳри Хуҷанд баргузор шуда, рақобатҳо аз рӯи 7 вазн сурат мегиранд: -57 ва -63кг - миёни бонувон, -66, -81, -90, -100 ва +100кг – миёни мардон.

Дар қатори варзишгарони тоҷик, иштироки ҷудокорон аз давлатҳои хориҷ низ дар назар аст.

Барномаи баргузорӣ:
18-уми Сентябр | Якшанбе
Қуръакашӣ
Оғоз: 18:00

Рӯзи 1 | 19-уми Сентябр | Душанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 17:00
Мардон: -66, -81кг;
Бонувон: -57, -63кг;

Рӯзи 2 | 20-уми Сентябр | Сешанбе
Оғоз: 09:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00
Мардон: -90, -100, +100кг;

Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа бо ҷоизаҳои молӣ сарфароз мешаванд. Барои ҷойи якум 40 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм - 20 ҳазор ва барои ҷойҳои сеюм - 10 ҳазор сомонӣ муқаррар шудааст.

Рақобатҳо мустақиман дар Телевизиони «Варзиш», YouTube-шабакаҳои VarzishTV ва TAJIKJUDO пахш мешаванд.