Собиқадорони ҷудои Тоҷикистон дар Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат меварзанд

Рӯзҳои 8-11 сентябр дар шаҳри Кракови Лаҳистон Чемпионати ҷаҳон байни собиқадорон (Krakow World Championships Veterans 2022) баргузор мешавад.

Рақобатҳо аз рӯи 14 вазн (7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни занон) байни 892 ҷудокор аз 59 кишвари ҷаҳон доир мешаванд.

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонии мазкур 10 нафар ҷудокор намояндагӣ мекунад:
-60кг – M5 | Қутбиддин Баҳодуров
-73кг – M4 | Соҳибназар Ҳақназаров 
-73кг – M3 | Абдулфайз Солиҳов
-81кг – M3| Ҷонибек Маҳмудзода
-81кг – M1 | Шоҳҳусейн Раҳимов
-90кг – M2 | Валӣ Султонзода
-90кг – M1 | Оятуллои Қамарӣ
-100кг – M3 | Фаридун Устопиров
-100кг – M1 | Собир Шарифов
+100кг – M3 | Неъматулло Асронқулов

Барномаи баргузорӣ:
7-уми Сентябр | Чоршанбе
Қуръакашии M6, M7, M8, M9
Оғоз: 20:00

Рӯзи 1 | 8-уми Сентябр | Панҷшанбе
Рақобатҳои M6, M7, M8, M9
Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Қуръакашии M1, M3: 21:00

Рӯзи 2 | 9-уми Сентябр | Ҷумъа
Рақобатҳои M1, M3
Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Қуръакашии M4, M5: 21:00


Рӯзи 3 | 10-уми Сентябр | Шанбе
Рақобатҳои M4, M5

Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Қуръакашии F1-9, M2: 21:00

Рӯзи 4 | 11-уми Сентябр | Якшанбе
Рақобатҳои F1-9, M2

Оғоз: 12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00

*Вақти Душанбе


•   Рақобатҳо мустақиман дар сомонаи live.ijf.org ва ТВ "Варзиш" пахш мешаванд.