Нишонҳои биринҷии Асронқулов ва Камарӣ аз Қаҳрамонии ҷаҳони собиқадорон

Дар шаҳри Кракови Лаҳистон Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо байни собиқадорон ҷараён дорад. Дар рӯзи дуюми рақобатҳо Тоҷикистонро 7 нафар ҷудокор намояндагӣ карда, Оятуллои Камарӣ (-90кг М1) ва Неъматулло Асронқулов (+100кг М3) барандагони нишонҳои биринҷии Қаҳрамонӣ гаштанд.

Оятулло Камарӣ рақобатро аз чорякниҳоӣ муқобили ҷудокори озарӣ – Мурад Раҷаблӣ оғоз кард. Оятулло бо гирифтани се “шидо” дар ин давр ноком шуд.

Дар даври тассалобахш бар Эрнест Матус (Словакия) ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Хуан Антонио Тортелла Балбас аз Испания дастболо шуд ва барандаи медали биринҷии мусобиқа гардид.

Final results -90kg М1:
1) DAVADZE Zaza (GEO)
2) RAJABLI Murad (AZE)
3) DE LAET Gunnar (BEL)
3) OIYATULLO Kamari (TJK)

Неъматулло Асронқулов ҳам ба қувваозмоӣ аз чоряниҳоӣ пардохт. Мутаассифона дар ин давр ӯ аз Звиад Тсиклаурии гурҷӣ шикаст хурд.

Дар даври тассалобахш бар Аяз Умудалиев аз Озарбойҷон ва дар мубориза барои медали биринҷӣ бар рақиби мизбон - Томаш Бич пирӯз шуд ва ҷойи сеюмро касб намуд.

Final results +100kg М3:
1) TSIKLAURI Zviad (GEO)
2) DEAK Attila (HUN)
3) ASRANKULOV Nematullo (TJK)
3) AKHRAKHADZE Irakli (GEO)


Мутаассифона Чемпионати ҷаҳон барои ҷудокорони дигари тоҷик: Шоҳҳусейн Раҳимов (-81кг – M1), Собир Шарифов (-100кг – M1), Абдулфайз Солиҳов (-73кг – M3), Ҷонибек Маҳмудзода (-81кг – M3) ва Фаридун Устопиров (-100кг – M3) бидуни дастовард ба анҷом расид.

Фардо, дар рӯзи сеюми мусобиқа Қутбиддин Баҳодуров (-60кг – M5) ва Соҳибназар Ҳақназаров (-73кг – M4) вориди майдони рақобат мешаванд.