Рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон барои ҷудокорони тоҷик бебарор анҷом ёфт

Дар рӯзи сеюми Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон варзишгарони собиқадори тоҷик - Қутбуддин Баҳодуров (-60KG – M5) ва  Ҳақназар Соҳибназаров (73KG-M4) мусобиқаро барои худ бидуни медал ба анҷом расониданд.

Қутбуддин Баҳодуров рақобатро аз чорякниҳоӣ муқобили намояндаи Фаронса – Франк Ҳеберт оғоз кард. Ҷудокори тоҷик дар ин қувваозмоӣ бо як "ваза-ари" пирӯз шуд ва ба ниманиҳоӣ роҳ ёфт.

Мутаассифона, дар даври нимниҳоӣ аз ҷудочии Белгия Эрманно Агостини ва дар мубориза барои нишони биринҷӣ аз Антонио Ло Монакои итолиёвӣ шикаст хурд ва аз имкони касби мақоми ифтихорӣ бенасиб монд.


Ҳақназар Соҳибназаров дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори Белгия – Стивен Пирсманс бо ду "ваза-ари" ноком шуд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.

Фардо – дар рӯзи охири мусобиқа дар вазни -90кг (M2) - Валӣ Султонзода Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард.