Нокомии Султонзода дар Қаҳрамонии ҷаҳони собиқадорон

Дар рӯзи охири Чемпионати ҷаҳон миёни собиқадорон, ки дар шаҳри Кракови Лаҳистон ҷараён дорад, Тоҷикистонро Валӣ Султонзода дар вазни -90КГ (М2) намояндагӣ кард. Мутаассифона, собиқадори ҷудои тоҷик Қаҳрамониро бидуни пирӯзӣ барои худ ба анҷом расонид.

Султонзода, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм аз ҷудокори турктабори Белгия - Ҳанҷӣ Осман ноком шуд.

Мутаассифона дар даври тассалобахш ҳам ба нокомӣ рӯ ба рӯ шуд. Ин навбат аз варзишгари фаронсавӣ - Давид Маю шикаст хурд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.


Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ тими собиқадорони Тоҷикистон ду нишони биринҷӣ (Неъматулло Асронқулов +100кг М3 ва Оятулло Камарӣ -90кг М1) ба даст овард.