Рӯзҳои 11-12 марти соли 2023 Чемпионати ҷумҳуриявии ҷудо миёни наврасон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад

Рӯзҳои 11-12 марти соли 2023 Чемпионати ҷумҳуриявии ҷудо миёни наврасон дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад Дар чемпионати мазкур, аз рӯи 8 категорияи вазнӣ миёни писарон, беш аз 200 варзишгар аз 9 даста: Шаҳри Душанбе – се даста, Вилояти Хатлон - ду даста, ВМКБ, Рашт, ШНТМ ва Суғд -як дастагӣ, иштирок менамоянд.  Ғолибон ва ҷоизадорони чемпионати мазкур, шомили  тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни наврасон гардида, кишвари моро дар мусобиқоти байналмиллалӣ   муаррифӣ хоҳанд кард.