Натиҷаҳои ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи дуюми Paris Grand Slam 2020

Дар рӯзи дуюми мусобиқаи Гран слами Париж Тоҷикистонро се ҷудочӣ Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳи Устопириён (-90кг) ва Шакармамад Мирмамадов (+100кг) намояндагӣ карданд.

Акмал Муродов (-81кг), ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили намояндаи ҳамсоякишвари Ӯзбекистон Расулов Камолиддин баргузор кард. Дар ин рақобат Акмал бо ду ваза-ари шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо бе насиб шуд.

Комроншоҳи Устопириён (-90кг) барои баромадан ба даври дуюм ҷудочии кишвари Колумбия - Баланта Франсискоро аз сар роҳаш дур кард. Дар даври дуюм Устопириён аз Кристофер Калюлайди эстони мағлуб гардид.

Ҷудочии дигари тоҷик Шакармамад Мирмамадов (+100кг) дар даври нахуст аз намояндаи Муғулистон - Тувшинбаяр Найдангийн шикаст хурд.

Хотиррасон мекунем, ки дар рӯзи куми ин чорабинӣ Сомон Маҳмадбеков ва Беҳрӯзи Хоҷазода ҳарду вазни -73кг сазовори зинаи 7-ум гардида буданд.