ЧҶ-2023: НАТИҶАИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ВАЗНИ 81 КИЛО

10 май дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо бо қувваозмоиҳо дар вазни -81кг миёни мардҳо ва -63кг миёни бонувон идома ёфт.

 

Дар вазни -81кг миёни мардҳо ҷумҳурии моро Сомон Маҳмадбеков ва Шодмон Ризоев намояндагӣ карданд. 

 

Сомон дар даври аввал муқобили намояндаи Доминикан Медисон Корторреал ба майдон баромада, мувоҷеҳи шикаст шуд.

 

Шодмон дар ду давр бар Араб Сибғатуллоҳ аз тими паноҳандагон, Анри Эгутидзе аз Португал зафар ёфт, вале дар даври сеюм аз чемпиони ҷаҳон Тато Григалашвилии гурҷӣ, ки ин навбат низ унвони чемпиони ҷаҳонро ҳифз кард, мағлуб шуд. 

 

Дар ин вазн медали нуқраро Маттиас Касе аз Белгия, медалҳои биринҷиро Таканори Нагасе аз Ҷопон ва Ҷонван Ли аз Кореяи Ҷанубӣ ба даст оварданд.