ТЕМУР РАҲИМОВ ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ҶОИ ПАНҶУМРО ГИРИФТ

Паҳлавони маъруфи кишвар, ҷудокори рақами яки радабандии ҷаҳон Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо сазовори ҷои панҷум гардид.

 

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо, ки 7-уми май дар шаҳри Доҳаи Қатар шурӯъ шуд, 13 май бо қувваозмоиҳо дар вазни +100кг миёни мардҳо ва +78кг миёни бонувон ҷараён гирифт.

 

Темур Раҳимов, ки дар даври аввал озод буд, дар ду даври дигар бар намояндагони Гвинея (Мустафо Фофана), АМА (Магомедумар Магомедумаров) ва дар чорякфинал бар варзишгари Ҷопон Кокоро Кагуера пирӯз шуда, ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони мо дар нифнал аз Тедди Ринери фаронсавӣ, сипас дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Бразил Рафаэл Силва мағлуб шуд.

 

Медали тиллои вазни +100кг насиби Тедди Ринери фаронсавӣ шуд. Ӯ дар финал Инал Тасоев аз тими варзишгарони бетарафро шикаст дод. Медалҳои биринҷиро Алишер Юсупов аз Узбекистон ва Рафаэл Силва ба даст оварданд.

 

Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон соли 2022 дар Тошканд низ ҷои панҷум ва соли 2021 дар Будапешт ҷои ҳафтумро сазовор шуда буд.