ТЕМУР РАҲИМОВ МАВҚЕАШРО ДАР ҶОИ АВВАЛИ РАДАБАНДИИ ҶАҲОН ҲИФЗ КАРД

Федератсияи байналмилалии ҷудо пас аз натиҷагирии Чемпионати ҷаҳон радабандии ҷаҳонӣ ва олимпиро бозбинӣ кард.

 

Тибқи радабандии нав паҳлавони маъруфи кишвар Темур Раҳимов дар вазни +100кг мавқеашро дар ҷои аввал ҳифз кард. Темур Раҳимов, ки дар Чемпионати ҷаҳон дар Доҳа сазовори ҷои панҷум гардид, 720 хол гирифт ва шумораи умумии холҳояш ба 6050 расид.

 

Мавқеи Комроншоҳ Устопириён (-90кг) дар ҷои 16, Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар ҷои 32 тағйир наёфт. Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг) 20 зина, Шаҳбоз Саидаброров (-66кг) 15 зина, Шодмон Ризоев (-81кг) 11 зина, Абубакри Акобир (-100кг) 11 зина, Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) 3 зина, Эмомалӣ Нуралӣ 2 зина боло шуданд.

 

Дар радабандии олимпӣ бошад, Темур Раҳимов дар ҷои дуюми вазни +100кг, Эмомалӣ Нуралӣ дар ҷои 11-уми вазни -66кг, Комроншоҳ Устопириён дар ҷои 22-и вазни -90кг ва Сомон Маҳмадбеков дар ҷои 34-и вазни -81кг мавқеъ гирифтаанд.