Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқра ба даст овард

Варзишгари Тоҷикистон Темур Раҳимов дар вазни +100 кг медали нуқраи «Dushanbe Grand Slam 2024»-ро  ба даст овард.
Дар роҳ ба финал Темур Раҳимов варзишгарон аз Испания, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд.
Дар финал Темур Раҳимов аз Тедди Ринери фаронсавӣ мағлуб шуд.