Семинари омӯзишӣ барои мураббиён ва ҷудочиён

Дар тамоми риштаҳои варзишӣ сол ба сол тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд ва нафарони марбутаи соҳаи варзиш бояд аз он огоҳ бошанд. Ба ҳамин хотир Федератсияи ҷудои кишвар семинари омӯзишӣ доир кард. Дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои варзишгарон, мураббиён ва доварони риштаи ҷудо ташкил ва баргузор гардид. Ин семинар бо ибтикори Федератсияи ҷудои кишвар доир шуда, дар он охирин тағйиру иловаҳо ба қонун қоидаҳои мусобиқаҳои варзишӣ дар заминаҳои доварӣ, рақобатҳои ҷудо ва нозукиҳо ва тавсияҳои лозим барои ҷудокорону мураббиён барои иштирокчиёни семинар пешниҳод гардид. Семинар ба таври интерактивӣ ҷарайён гирифта, бо истифода аз видеонаворҳо ҳар амали варзишгар, довар ва мураббӣ мавриди баррасӣ ва таҳлили ҳозирин гардид. Мавод ва дастурамалҳои мавриди баррасӣ бошад, аз ҷониби Федератсияи байналмилалии ҷудо барои Федератсияи ҷудои кишварамон дастрас гардида аст. Дар семинари мазкур мутахассисон аз тамоми манотиқи кишвар иштирок дошта, бо охирин навигариҳои риштаи ҷудо ҳам дар бахши довари ва баҳодиҳӣ ва низ дар хусуси масоили баҳснок ошно шуданд. Федератсияи ҷудои кишвар талош дорад бо сайқал додани дониш ва малакаи ҷудокорон ва мураббиёну доварони риштаи ҷудо сатҳу сифати баргузории мусобиқот дар дохилро беҳтар карда, заминаи пирӯзиҳои ҷудокорони тоҷикро низ дар хориҷ бештар намояд.