Ҷудокори тоҷик Ҳақимов Кароматулло, ки дар вазни то 100 кг ҳунарнамоӣ мекард, дар мусобиқаи бонуфузи RUSSIAN JUDO TOUR медали нуқра ба даст овард

Ҷудокори тоҷик Ҳақимов Кароматулло, ки дар вазни то 100 кг ҳунарнамоӣ мекард, дар мусобиқаи бонуфузи RUSSIAN JUDO TOUR медали нуқра ба даст овард ва натиҷаҳои назаррас нишон дод. Иҷроишҳои ӯ намунаи равшани сатҳи баланди қуваозмои у  мебошад. Ҳамчунин, як намояндаи дигари дастаи мо – Ҷаҳонгир Муҷидов, ки дар ҳамин вазн ҳунарнамоӣ мекард, ба гурӯҳи беҳтаринҳои мусобиқа ворид шуда, барои медали биринҷӣ мубориза бурд ва дар ҷойи панҷум қарор гирифт. Қобили зикр аст, ки ин аллакай дувумин натиҷаи дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа мебошад. Рӯзи гузашта Эмомалӣ Нуралӣ дар вазни то 66 кг пирӯзии бузурге ба даст оварда, натиҷаи тиллоро насиби худ кард. Ин дастовардҳои варзишгарони мо мавқеи дастаи ҷудои тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшанд.