Cеминари омӯзишӣ барои шиносоӣ ва омӯзиши қоидаҳои нави ҷудо баргузор гардид.

Санаҳои 11-12-уми январи соли 2025, аз ҷониби довари олимпӣ Рамзи Шамиров ва роҳбари доварони Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Зариф Назриев семинари омӯзишӣ барои шиносоӣ ва омӯзиши қоидаҳои нави ҷудо баргузор гардид.

Дар доираи ин семинар, иштирокчиён дар ду бахш – назария ва практика – имконияти фарогир барои омӯхтани тағйирот ва такмили қоидаҳои ҷудоро пайдо намуданд. Бахши назариявӣ қоидаҳои нав ва шарҳи ҷузъиёти онҳо, инчунин аҳамияти татбиқи дуруст дар мусобиқаҳоро фаро гирифт. Дар бахши амалӣ, доварон ин қоидаҳоро бевосита дар амалия таҷриба намуданд, то дар доираи мусобиқаҳо ба таври дуруст истифода баранд.

Дар анҷоми семинар, довароне, ки маълумоти навро ба таври комил аз худ карданд, бо сертификатҳои махсус, ки аз номи Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, Исмоил Маҳмадзоир пешниҳод гардиданд, сарфароз гардонида шуданд. Ин иқдом на танҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбии доварон, балки барои таъмини шаффофият ва одилона сурат гирифтани мусобиқаҳои ҷудо дар кишвар мусоидат хоҳад кард.