Дар шаҳри Улан-Батор, ҷамъомади байналмилалии тамринӣ

Дар шаҳри Улан-Батор, пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Муғулистон, ҷамъомади байналмилалии тамринӣ бо иштироки дастаҳои миллии Қазоқистон, Русия, Муғулистон, Чин ва Тоҷикистон дар сатҳи баланд ҷараён дорад. Дастаи миллии Тоҷикистон, иборат аз 14 варзишгар, аз 13 то 22 январ дар ин ҷамъомад иштирок намуда, барои омодагӣ ба мусобиқаҳои муҳими байналмилалӣ дар соли 2025 тамрин мегузарад.

Чорабиниҳо дар сатҳи олӣ баргузор шуда, шароит барои беҳтарин натиҷаҳо фароҳам оварда шудааст. Ин таҷриба барои варзишгарони мо як марҳилаи муҳим дар самти тақвияти малакаҳои варзишӣ ва баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии онҳо хоҳад буд.

Ба варзишгарони мо барору комёби тамано дорем ва итминон дорем, ки онҳо дар мусобиқаҳои минбаъда бо дастовардҳои шоиста Тоҷикистони азизро муаррифӣ хоҳанд кард!