Мусобиқаи бонуфузи GRAND SLAM Боку, 6 ҷудокори тоҷикширкат хоҳанд кард..

Аз 14 то 16 феврали соли 2025, дар мусобиқаи бонуфузи GRAND SLAM Боку, 6 ҷудокори тоҷик🇹🇯 ширкат хоҳанд кард. То имрӯз, 284 варзишгар аз 40 кишвар барои ин мусобиқа ба қайд гирифта шудаанд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа варзишгарони зерин намояндагӣ мекунанд:

Абубакр Шеров – вазни то 73 кг
Муҳиддин Асадуллоев – вазни то 73 кг
Беҳрузи Хоҷазода – вазни то 81 кг (бори аввал дар ин вазн рақобат хоҳад кард)
Сомон Маҳмадбеков – вазни то 81 кг
Ҷаҳонгир Маҷидов – вазни то 100 кг
Кароматулло Ҳакимов – вазни то 100 кг

Барои паҳлавонони мо дар GRAND SLAM Боку барору комёбӣ таманно дорем! Тоҷикстон ба пеш