Натиҷаи ҷудочиёни тоҷик дар рӯзи якуми "Dusseldorf Grand Slam 2020"

Имрӯз, 21-уми феврал дар рӯзи якуми мусобиқаи"Dusseldorf Grand Slam 2020" ду ҷудочии тоҷик Муҳаммадаюб Мирзозода -60кг ва Ҷамолиддин Абдуллоев -66кг ҳунарнамоӣ намуданд. Муҳаммадаюб Мирзозода -60кг, ки дар даври аввал озод буд, рақобатро аз даври дуюм бар муқобили Франтсиско Гарригоси испанӣ баргузор кард. Дар ин нерусанҷӣ ҷудочии тоҷик шикаст хурда, аз идомаи сабқатҳо бенасиб шуд.
Ҷамолиддин Абдуллоев -66кг дар даври аввал намояндаи кишвари Гвинея-Бисау Дийого Сезарро шикаст дод. Вале дар даври дуюм аз ҷудочии кишвари Тайпэйи Чин – Тсаи Минг Йнг мағлуб гардид. Ҳамин тавр "Dusseldorf Grand Slam 2020" барои Муҳаммадаюб Мирзозода -60кг ва Ҷамолиддин Абдуллоев -66кг хотима ёфт.
Ёдовар мешавем, ки фардо дар рӯзи дуюми мусобиқаи мазкур варзишгарони тоҷик дар ду вазн -73 кг ва -81 кг баромад мекунанд.