Екатеринбург Гранд Слэм лағв шуд

Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии ҷудо қарори таъҷилиро дар бораи бекор кардани ҳама мусобиқаҳои тахассусии олимпӣ бо сабаби хуруҷи коронавирус то 30-юми апрели соли 2020 қабул кард. Дар ин бора дафтари матбуоти ташкилот хабар медиҳад.
Ҳамин тавр мусобиқаи "Гранд слам", ки аз 13-ум то 15-уми март дар шаҳри Екатеринбурги Россия баргузор мешуд, лағв гардид. Инчунин баргузории мусобиқаҳои Гран-прии Тбилис ва Анталя низ ба мавқуф гузошта шуданд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки шояд мусобиқаи "Гранд слам"-и Екатеринбург бидуни мухлис баргузор шавад, вале бо қарори Кумитаи иҷроияи Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузориаш ба вақти дигар гузаронида шуд.