Ҷараёни рӯзи сеюми семинари омӯзишӣ барои мураббиён

Дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Федератсия ҷудои мамлкат семинари омузишӣ барои мураббиён ва  доварони ҷудо ҷараён дорад. Дар семинари омузашии мазкур роҳбарияти Федератсия ҷудои кишвар, мураббиён ва доварони ҷудо  аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок намуданд. Дар рафти семинар иштирокчиён аз тағйиру иловаҳои сурат гирифта дар қонун ва қоидаҳои Федератсия байналмилалии ҷудо ошно шуданда, ҳамчунин бо истифода аз наворҳои пешниҳод намудаи Федератсияи байналмилалии Ҷудо ҳолати баҳснок мавриди барраси ва таҳлил қарор гирифта натиҷа ва хулосаи дуруст пешниҳод гардиданд.