Ҳузури ду ҷудокори тоҷик дар Гранд Слэми Венгрия

Дар мусобиқаи Гранд Слэм Венгрия кишвари моро Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73 кг) ва Комроншоҳи УСТОПИРИЁН (-90 кг) намояндагӣ мекунанд.

Қаблан интизор мерафт, ки теъдоди иштирокчиён дар ин мусобиқа аз кишвари мо бештар бошанд, аммо Акмал Муродов, Темур Раҳимов ва Шакармамад Мирмамадов натавонистанд дар мӯҳлати муайяншуда раводид (виза) дарёфт намоянд.

Беҳрӯзи Хоҷазода ҳам осеб дида ва ба табобат машғул аст, бинобар ин феълан имкони иштирок дар рақобатҳои байналмилалии ҷудоро надорад.

Ёдовар мешавем, ки рақобатҳои  Grand Slam Hungary рӯзҳои 23-25-уми октябр дар пойтахти Венгрия - шаҳри Будапешт баргузор мешаванд.