Ҳайати ниҳоии тими Тоҷикистон дар «Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия 2021»


Шуруъ аз 6 то 9-уми апрели соли равон дар шаҳри Бишкеки ҳамсоякишвари Қирғизистон Asia-Oceania Senior Championships 2021 доир мегардад,  ки дар он 11 ҷудочии кишвар (8 мард ва 3 зан) ширкат меварзад.

Беҳрӯз ХОҶАЗОДА (-73кг) ва Шакармамад МИРМАМАДОВ (+100кг) бинобар сабаби осеб доштанашон, дар мусобиқаи мазкур иштирок намекунанд. Инчунин, Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ (-60кг) бо сабаби нотобиаш аз иштирок дар ин мусобиқа даст кашид.

Дар қатори варзишгарон довари дараҷаи байналмилалӣ – Рамзӣ Шамиров низ Тоҷикистонро дар қаҳрамонии Осиё муаррифӣ мекунад.

Ҳайати ниҳоии мунтахаб:
Вазн:Иштирокчӣ:
-48kgШукрона КАРЧИЕВА
-52kg
Аҳлия МӮЪМИНОВА
-52kgФазилат ГУЛБОЕВА
-73kg
Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81kg
Акмал МУРОДОВ
-81kg
Ҳақназар НАЗАРОВ
-90kg
Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
-90kg
Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-100kg
Мансур РАҲМОН
+100kgТемур РАҲИМОВ
+100kgХуршед МАҶИДОВ


Барномаи баргузории мусобиқа:

5-уми апрел:
Қуръакашӣ

Оғоз: 14:00

Рӯзи якум (6-уми апрел):

Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Занон: -48kg, -52kg, -57kg

Мардон: -60, -66kg

Рӯзи дуюм (7-уми апрел):
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Занон: -63, -70kg;
Мардон: -73, -81kg


Рӯзи сеюм (8-уми апрел):
Оғоз: 11:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00
Занон: -78, +78kg
Мардон: -90, -100, +100kg


Рӯзи чорум (9-уми апрел):
Оғоз: 10:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 16:00-18:00

Рақобатҳои даставӣ (Мардон ва Бонувон)

*Вақти Душанбе

•    Ҷудокорони мусобиқа имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.

•    Дар мусобиқа иштироки 215 варзишгар аз 30 давлат дар назар аст.