Нишонҳои биринҷии Комроншоҳ ва Темур аз сеюмин рӯзи Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия

From left to right: JUA President Mr. Obaid Al Anzi and IJF President Mr. Marius L. Vizer

Дар сеюмин рӯзи Чемпионати Осиё-Уқёнусия дар кишвари Қирғизистон панҷ варзишгари тоҷик - Комроншоҳ УСТОПИРИЁН, Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (ҳарду дар вазни -90кг), Мансур РАҲМОН (-100кг), Темур РАҲИМОВ ва Хуршед МАҶИДОВ (ҳарду дар вазни +100кг) ба зӯрозмоӣ пардохтанд.

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН (-90кг) дар даври аввал бо ду «ваза-ари» бар ҷудокори Туркменистон – Шатлик ТОРЯЕВ ва дар чорякниҳоӣ бар Ислам БОЗБАЕВ (Қазоқистон) дастболо шуд.

Мутаассифона, дар нимниҳоӣ аз ҷудочии ботаҷрибаи Ҷопон - Сёитиро МУКАЙ бо иппон (“сэои нагэ”) мағлуб гашт.

Дар рақобат барои ҷои сеюм УСТОПИРИЁН муқобили варзишгари Чин – Ҳебилиге БУ қарор гирифт. Комроншоҳ дар сонияҳои охири қувваозмоӣ бо «томоэ наги» як имтиёзи «ваза-ари» касб карда, дар ниҳоят медали биринҷиро ба даст овард.
Натиҷаҳои ниҳоии вазни -90КГ:
1. BOBONOV, Davlat (UZB)
2. MUKAI, Shoichiro (JPN)
3. USTOPIRIYON, Komronshokh (TJK)
3. GWAK, Donghan (KOR)


Ҷаҳонгир МАҶИДОВ (-90кг) дар нахустин рақобаташ аз ҷудокори пурқуввати ӯзбек – Давлат БОБОНОВ шикаст хурд ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуд.

Мансур РАҲМОН (-100кг) дар даврия якум аз Кайхан ОЗЧИЧЕКА-ТАКАГИ (Австралия) бо «ваза-ари» мағлуб шуд.

Хуршед МАҶИДОВ (+100кг) дар 2 дақиқа рақобатро ба Алишер ЮСУПОВ аз Ӯзбекистон бохт.

Темур РАҲИМОВ (+100кг) нерӯсанҷиро аз даври чорякниҳоӣ муқобили варзишгари мизбон – Юрий КРАКОВЕТСКИЙ оғоз намуд. Дар ин рақобат Темур аз назари тактикӣ беҳтар амал кард ва боис гардид, ки дар “голден скор” рақибро бо иҷрои усули «коучи гари» мағлуб куна ва ба нимниҳоӣ роҳ ёбад.

Мутаассифона, Темур дар даври ниманиҳоӣ аз рақиби ба у ошно -  Хисаёси ХАРАСАВАи ҷопонӣ бо як «ваза-ари» шикаст хурд.

Дар рақобат барои дарёфти медали биринҷии ин қаҳрамонӣ Темур бо ҷудокори Қазоқистон – Ерасил КАЖИБАЕВ рӯ ба рӯ шуд. Нерӯсанҷии ҷудокорон то «голден скор» тӯл кашида, ниҳоятан Темур бо «ваза-ари» ғолиб омад ва бо медали биринҷӣ сарфароз гардид.
Натиҷаҳои ниҳоии вазни +100КГ:
1. HARASAWA, Hisayoshi (JPN)
2. KIM, Minjong (KOR)
3. RAKHIMOV, Temur (TJK)
3. KIM, Sungmin (KOR)


Пас аз дарёфти нишонҳои биринҷӣ, Комроншоҳ ва Темур 350 имтиёзӣ касб карданд.

Ҳамакнун ин сеюмин нишони ҷудокорони тоҷик аз ин қаҳрамонӣ мебошад. Зимнан, дар рӯзи дуюми мусобиқа Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг) бар гирифтани медали нуқра даст ёфта буд.


Пас аз хотима ёфтани рақобатҳои инфиродӣ, дар рӯзи охири Қаҳрамонии Осиё-Уқёнусия рақобатҳои даставӣ сурат мегиранд. Вале  тими милии Тоҷикистон бинобар сабаби нопурра будани ҳайат дар он иштирок намекунад.