Комроншоҳ Устопириён ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифт

Ҷудокори маъруфи кишвар - Комроншоҳ Устопириён, ки дар вазни -90кг баромад мекунад, соҳиби роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 гардид.

Бар асоси феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Комроншоҳ дар байни 398 ҷудочии ҷаҳон, ки дар вазни -90кг ҳунарнамоӣ мекунанд, дар мақоми 21-ум бо 2784 имтиёз қарор дорад. Ӯ бо натиҷаи мазкур дар феҳристи ҷудокороне, ки ба таври мустақим барои ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 сафарбар мешаванд, ҷой гирифт.


Аз миёни ҷудокорони дигари кишвар Сомон МАҲМАДБЕКОВ (-73кг), Акмал МУРОДОВ (-81кг) ва Темур РАҲИМОВ (+100кг) низ шонси зиёде барои ба даст овардани роҳхати Олимпиада доранд. 

Ёдовар мешавем, ки Комроншоҳ Устопириён чорумин варзишгари тоҷик аст, ки ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳхат гирифтааст. Аз ин қабл Баҳодур Усмонов ва Шаббос Неъматуллоев (ҳарду дар риштаи бокс) ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 100м) соҳиби иҷозатномаи иштирок дар Бозиҳои Олимпии-2020 гардида буданд.


Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.