Темур Раҳимов низ роҳхати Бозиҳои олимпии Токиоро ба даст овард

Паҳлавони сангинвазни тоҷик -  Темур Раҳимов (+100кг) ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 роҳ ёфт.

Ду пирӯзии Темур дар Қаҳрамонии ҷаҳон 2021, ки дар дар шаҳри Будапешти Маҷористон ҷараён дорад, боис шуд, ки ӯ мавқеъашро дар радабандии имётиздорони олимпӣ (IJF.org) беҳтар кунад ва ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 мустақиман роҳхат гирад.
Дар феҳристи кунунии олимпӣ, ки дар сомонаи Федератсияи байналмилалии ҷудо нашр шудааст, Темур миёни 255 ҷудокори чаҳон, ки дар вазни +100кг баромад мекунанд, бо 3009 имтиёз дар мақоми 21-ум қарор дорад.

Зимнан, пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон-2021, раддабандӣ иваз ва мавқеъияти Темур боз ҳам беҳтар хоҳад шуд.

Қаблан Комроншоҳ Устопириён (-90кг) низ соҳиби роҳхати Бозиҳои олимпӣ шуда буд. Ҳамчунин, Баҳодур Усмонов, Шаббос Неъматуллоев - ҳарду дар риштаи бокс ва Гулсумбӣ Шарифова дар варзиши сабук (давидан ба масофаи 200м)  Тоҷикистонро дар ин Бозиҳо  муаррифӣ хоҳанд кард.


Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад.
Lachlan
Lachlan от 10 февраля 2023 23:34
Профессиональный ремонт сварочных инверторов в Минске http://infolio-vrn.ru/index.php?subaction=userinfo&user=eraxo
Tuyet
Tuyet от 11 февраля 2023 01:07
Профессиональный, недорогой ремонт аргонодуговых сварок в Минске http://fromair.ru/communication/forum/user/66964/