Ҷудокорони кишвар ба ҷамъоварии холҳои олимпӣ шуруъ мекунанд

Улан-Батор, Steppe Arena (макони баргузории мусобиқа)

Рӯзҳои 24-26-уми июн дар пойтахти Муғулистон – шаҳри Улан-Батор мусобиқаи Ulaanbaatar Grand Slam 2022 баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур Беҳрӯз Хоҷазода, Сомон Маҳмадбеков (ҳарду -73кг) ва Амирҷони Насимҷон дар вазни -90кг муаррифӣ мекунанд.


Қувваозмоиҳо аз рӯи 14 намуди вазн – 7 вазн миёни мардон ва 7 вазн миёни бонувон сурат гирифта, ҷудокорон метавонанд соҳиби холҳои олимпӣ гарданд.


Барномаи баргузорӣ:


Рӯзи 1 | 24-уми Июн | Ҷумъа
Оғоз:  09:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg

Рӯзи 2 | 25-уми Июн | Шанбе
Оғоз:  09:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg

Рӯзи 3 | 26-уми Июн | Якшанбе
Оғоз:  09:30
Марҳилаи ниҳоӣ: 14:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg


*Вақти Душанбе

•    Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ “Варзиш” дар назар аст.
•    Дар мусобиқа 270 варзишгар (161 мард ва 109 зан) аз 30 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.