Ширкати ҷудокорони кишвар дар Zagreb Grand Prix 2022

Arena Zagreb (Макони баргузории мусобиқа)

Аз 15-ум то 17-уми июл дар шаҳри Загреби Хорватия мусобиқаи Zagreb Grand Prix 2022 баргузор мешавад.

Мусобиқа 3 рӯз идома ёфта, дар он ширкати 548 варзишгар (315 мард ва 233 зан) аз 71 кишвари ҷаҳон дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7нафар ҷудокор муаррифӣ мекунанд.

Тими Тоҷикистон:
-60кг | Муҳаммадсолеҳ Қувватов
-60кг | Муҳаммад Маҳмадизода
-66кг | Шаҳбоз Саидабуроров
-66кг | Алиҷон Сафаралиев
-73кг | Наврӯз Каримзод
-81кг | Шодмон Ризоев
-90кг | Ҷаҳонгир Маҷидов


Варзишгарон имкони касби имтиёзҳои олимпӣ доранд. Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.

Барномаи баргузорӣ:
Рӯзи 1 | 15-уми Июл | Ҷумъа
Оғоз:  12:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -48 kg, -52 kg, -57 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg

Рӯзи 2 | 16-уми Июл | Шанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -63 kg, -70 kg;
Мардон: -73 kg, -81 kg

Рӯзи 3 | 17-уми Июл | Якшанбе
Оғоз:  13:00
Марҳилаи ниҳоӣ: 20:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -90 kg, -100 kg, +100 kg

*Вақти Душанбе

•    Пахши мустақими рақобатҳо дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ “Варзиш” дар назар аст.