Чемпионати Осиё 2022: Маҳмадбеков аввалин медали худро дар вазни -81кг ба даст овард. Ризоев бо нишони нуқра бармегардад

Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг) дар даври аввал бар варзишгари Чин - Юнлонг Гоу бо “иппон” дар “голден скор” дастболо шуд.
Дар чорякниҳоӣ Хоҷазода аз ҷудокори мизбон – Данияр Шамшаев ноком шуд.
Дар даври тассалобахш Беҳрӯз муқобили ҷудочии Филиппин – Кейсей Накано қарор гирифт. Рақиби Хоҷазода бо дарёфти се “шидо” мағлуб дониста шуд.
Мутаассифона дар рақобат барои нишони биринҷӣ Беҳрӯз аз Обидхон Номонови ӯзбек шикаст хурд ва аз медалҳои Қаҳрамонӣ бенасиб монд.

1) SHAMSHAYEV Daniyar (KAZ)
2) YULDOSHEV Murodjon (UZB)
3) NOMONOV Obidkhon (UZB)
3) SAGYNALIEV Chyngyzkhan (KGZ)
5) KHOJAZODA Behruzi (TJK)
5) TURDUBAEV Ertur (KGZ)
Шодмон Ризоев (-81кг) дар даври якум бар варзишгари Тайпей - Чуан Чи ва дар даври дуюм бар Владимир Золоеви қирғиз дастболо шуд.
Дар ниманиҳоӣ Ризоев бар Асад Масабиров (Қирғизистон) бо ду "ваза-ари" пирӯз шуд ва ба финал роҳ ёфт.
Мутаассифона дар финал аз Сасаки Такешии ҷопонӣ шикаст хурд ва барандаи медали нуқраи Қаҳрамонӣ гашт.
Сомон Маҳмадбеков (-81кг) дар нахустин рақобаташ бо ҷудокори Ӯзбекистон – Рамазон Аллабердиев қувваозмоӣ доир кард. Пас аз гузашти 40 сония, Сомон бо иҷрои як зиддиҳамла имтиёзи "ваза-ари" касб кард, вале рақиби ӯ дар дақиқаи охири рақобат бо "коучи гари" ҳисоби имтиёзҳоро баробар кард ва кор ба "вақти тиллоӣ" кашида шуд. Ниҳоятан дар чорум дақиқаи "голден скор" Сомон ҳарифро ба тахтаи пушт зад ва роҳи худро ба чорякниҳоӣ ҳамвор кард.
Дар чорякниҳоӣ Сомон аз ҷудокори пурқуввати Ҷопон – Сасаки Такеши шикаст хурд ва ба даври тассалобахш роҳ ёфт.
Дар даври тассалобахш Маҳмадбеков бар варзишгари муғул – Эрденбаяр Батзая бо "иппон" пирӯз шуд.
Дар мубориза барои медали биринҷӣ Сомон Маҳмадбеков бо Асад Масабиров аз Қирғизистон нерӯсанҷӣ кард. Варзишгари қирғиз ба хотири камфаолӣ ва ҳамеша дар ҳоли дифоъ будан бо дарёфти се "шидо" рақобатро ба Сомон бохт.
Ҳамакнун ин аввалин медал аз дараҷаи вазни -81кг барои Сомон Маҳмадбеков маҳсуб мешавад.

1) SASAKI Takeshi (JPN)
2) RIZOEV Shodmon (TJK)
3) MAKHMADBEKOV Somon (TJK)
3) TATALASHVILI Nugzari (UAE)
5) MASABIROV Asad (KGZ)
5) ZOLOEV Vladimir (KGZ)
Лозим ба ёдоварист, ки дар рӯзи якуми Қаҳрамонӣ Шаҳбоз Саидабуроров (-66кг) бидуни дастовард мусобиқаро хотима дод. Муҳаммад Маҳмадизода (-60кг) бошад, бинобар доштани вазни изофӣ ба сабқат роҳ дода нашуд.
Фардо, дар рӯзи сеюми Чемпионат Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду -90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) барои ба даст овардани зинаҳои фахрӣ талош меварзанд.