Мунтахаби ҷавонони ҷудои Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон ширкат меварзанд

"Arena Fedeguayas" - Макони баргузории мусобиқа

Аз 10-ум то 13-уми август дар кишвари Эквадор, шаҳри Гуаякил Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо миёни ҷавонон (Guayaquil World Championships Juniors 2022) баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар Қаҳрамонӣ 6 нафар ҷудокор муаррифӣ мекунад:

-66кг | Нуралӣ Эмомалӣ
-73кг | Масъуди Аҳмадзод
-81кг | Сунатулло Лоиқов
-81кг | Муҳаммадҷон Абдуҷалилов
-100кг | Эмомризо Анварзода
+100кг | Мансур Раҳмон


Барои мақоми аввал - 700 имтиёз, дуюм - 490 имтиёз ва сеюм - 350 имтиёз дода мешавад.

Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизаи пулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷойи аввал 2000 доллар, барои ҷойи дуюм - 1200 ва барои ҷойҳои сеюм 680 доллар тақдим мешавад.


Барномаи баргузорӣ:
9-уми Август | Сешанбе
Қуръакашӣ
Оғоз: 23:55


Рӯзи 1
10-уми Август | Чоршанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 20:30
11-уми Август | Панҷшанбе

Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -48 kg, -52 kg;
Мардон: -60 kg, -66 kg;

Рӯзи 2
11-уми Август | Панҷшанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 21:30
12-уми Август | Ҷумъа
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -57 kg, -63 kg;
Мардон: -73 kg;

Рӯзи 3
12-уми Август | Ҷумъа
Маҳилаи муқаддамотӣ: 22:00
13-уми Август | Шанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -70 kg;
Мардон: -81 kg, -90 kg;

Рӯзи 4
13-уми Август | Шанбе
Маҳилаи муқаддамотӣ: 22:30
14-уми Август | Якшанбе
Марҳилаи ниҳоӣ: 02:00
Занон: -78 kg, +78 kg;
Мардон: -100 kg, +100 kg;

*Вақти Душанбе


•    Рақобатҳо мустақиман дар сомонаи https://live.ijf.org/ ва дар ТВ "Варзиш" пахш мешаванд.
•    Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар Қаҳрамонӣ 392 варзишгар аз 65 кишвари ҷаҳон ширкат меварзанд.