Нуралӣ Эмомалӣ - Қаҳрамони ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни -66кг

Дар шаҳри Гуаякили Эквадор Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон ҷараён дорад. Дар рӯзи якуми рақобатҳо дар вазни -66кг Тоҷикистонро Нуралӣ Эмомалӣ муаррифӣ карда, сазовори нишони тиллои мусобиқа гашт.

Нуралӣ Эмомалӣ дар даври якум бо варзишгари Италия – Валерио Акколи нерусанҷӣ кард. Дар дақиқаи дуюми рақобат Нуралӣ бо иҷрои зидиҳамла тавонист аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонад ва онро то охир ҳифз намуда, пирӯз гардад.

Дар даври дуюм Нуралӣ муқобили ҷудокори фаронсавӣ – Максим Моунданга қарор гирифт. Ин навбат ҳам Нуралӣ Эмомалӣ бо истифода аз зиддиусул касби “ваза-ари” кард ва ғолиби рақобат гашт.


Дар чорякниҳоӣ чемпиони феълии Тоҷикистон рақибаш аз Туркия – Муҳаммад Демирелро бо иҷрои моҳиронаи “де аши барай” шикаст дод ва ба нимниҳоӣ роҳ ёфт.


Дар даври ниманиҳоӣ Нуралӣ Эмомалӣ бо Извореану Раду аз Молдова қувваозмоӣ кард. Нуралӣ Эмомалӣ дар оғози рақобат бо истифода аз усули “де аши барай” аз ҳариф имтиёзи “ваза-ари” ситонид ва дар идома аз назари тактикӣ беҳтар амал кард, ки боис гардид Раду бо дарёфти се танбеҳ шикаст бихурад.

Дар вохурии ниҳоӣ Нуралӣ бо ҷудокори ҳамсоякишвари Ӯзбекистон, Қаҳрамони феълии Осиё байни ҷавонон - Азизбек Ортиқов зӯрозмоӣ кард. Варзишгарон набарди шадид анҷом дода, ниҳоятан 10 сония монда ба охири рақобат Нуралӣ бо иҷрои зебои «коши гурума» аз ҳариф имтиёзи «ваза-ари» касб кард ва дар идомаи ҳамла рақибро дар ҳолати «осаекоми» нигаҳ дошт ва бо баҳогузории «иппон» пирӯз гашт.Final results -66kg
1) EMOMALI Nurali (TJK)
2) ORTIKOV Azizbek (UZB)
3) DEMIREL Muhammed (TUR)
3) BRAVO BLANCO Kimy (CUB)

5) DZITAC Ioan (ROU)
5) IZVOREANU Radu (MDA)
Баробари дарёфти медали тилло, Нуралӣ Эмомалӣ соҳиби 700 имтиёз ва ҷоизапулӣ дар хаҷми 2000 доллари ИМА шуд.

Ҳамакнун, дар таърихи ҷудои тоҷик ин дуюмин нишони тилло аз Қаҳрамониҳои ҷаҳон миёни ҷавонон маҳсуб мешавад. Нахустин медали тиллоро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг октябри соли 2019 дар Қаҳрамонии ҷаҳон дар Марокаш ба даст оварда буд.


Зимнан, дар рӯзи дуюми мусобиқа дар вазни -73кг ҷудокори дигари кишвар - Масъуди Аҳмадзод ҳунарнамоӣ мекунад. Оғози рақобатҳо - соати 21:30 бо вақти Душанбе.