Як нуқра ва ду биринҷӣ аз риштаи ҷудо дар Бозиҳои панҷуми ҳамбастагии исломӣ

Имрӯз, дар доираи Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ, ки дар шаҳри Конияи Туркия ҷараён дорад, рӯзи дуюми мусобиқаи ҷудо баргузор шуд. Дар сабқат панҷ ҷудокори кишвар ширкат варзида, се нишон (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд.
Дар рӯзи дуюми рақобатҳо Тоҷикистонро миёни бонувон - Мавлуда Одинаева (-70кг), миёни мардон: Шодмон Ризоев (-81кг), Комроншоҳ Устопириён, Ҷаҳонгир Маҷидов (ҳарду -90кг) ва Абубакри Акобир (-100кг) муаррифӣ карданд. 

Мавлуда Одинаева дар вохурии якумаш аз варзишгарбонуи озарӣ - Судоба Ағаева ноком шуд ва мусобиқаро бидуни дастовард ба анҷом расонид.

Шодмон Ризоев ба нерусанҷӣ аз даври дуюм муқобили варзишгари Тунис – Ҳачем Селлами пардохт. Ҳарифи Шодмон бо дарёфти се “шидо” мағлуб дониста шуд.

Дар чорякниҳоӣ Ризоев бо ҷудокори маъруфӣ ӯзбек – Шарофиддин Болтабоев рӯ ба рӯ шуд. Ҷудокорон рақобати ҷолибу диданӣ нишон дода, Ризоев дар сонияҳои охири қувваозмоӣ тавонист бо истифода аз зиддиусул аз ҷудокори ӯзбек имтиёзи “ваза-ари” касб кунад ва ғолиби ин рақобат гардад.


Мутаассифона дар ниманиҳоӣ Ризоев аз ҷудокори гурҷитабори Имороти Муттаҳидаи Араб – Нугзари Таталашвили шикаст хурд.


Дар мубориза барои нишони биринҷӣ Шодмон Ризоев варзишгари Қирғизистон – Асад Масабировро бо “иппон” мағлуб кард ва сазовори ҷойи сеюм гашт.


Final results -81kg:
1) ALBAYRAK Vedat (TUR)
2) TATALASHVILI Nugzari (UAE)
3) RIZOEV Shodmon (TJK)
3) BOLTABOEV Sharofiddin (UZB)
5) MASABIROV Asad (KGZ)
5) TCKAEV Zelim (AZE)

Ҷаҳонгир Маҷидов, ки дар даври якум озод буд, дар даври дуюм варзишгари Эрон - Бахчеғӣ Ғасемро мағлуб кард, вале дар чорякниҳоӣ аз ҷудокори мизбон – Михаэл Жганк ва дар тассалобахш аз ҷоизадори Бозиҳои олимпии Токио-2020 – Давлат Бобонов (Ӯзбекистон) шикаст хурд ва аз идомаи сабқат маҳрум гашт.
Комроншоҳ Устопириён рақобатро аз даври дуюм бар муқобили намояндаи Эрон – Саидмуҳаммадризо Саидмаданӣ оғоз кард. Варзишгари Эрон бо гирифтани се “танбеҳ” рақобатро ба Комроншоҳ бохт.

Дар чорякниҳоӣ Устопириён бар ҷудочии мизбон - Омер Айдин бо “иппон” ғалаба ба даст овард ва нимниҳоӣ роҳ ёфт.


Дар нимниҳоӣ Комроншоҳ муқобили Карамноб Сагаипов аз Лубнон қарор гирифт. Ҷудокори Лубнон ҳам бо дарёфти се "шидо" ноком шуду, Устопириён ба финал баромад.


Мутаассифона дар финал Устопириён аз ҷудокори словениятабори мизбон, чандинкарат ҷоизадори сабқатҳои Гранд Слэм ва Мастерс – Михаэл Жганк мағлуб шуд ва барандаи медали нуқраи мусобиқа гашт.

Final results -90kg:
1) ZGANK Mihael (TUR)
2) USTOPIRIYON Komronshokh (TJK)
3) BOBONOV Davlat (UZB)
3) GRIGORIAN Aram (UAE)
5) SAGAIPOV Caramnob (LBN)
5) AYDIN Omer (TUR)
7) MADZHIDOV Dzhakhongir (TJK)
7) DIAO Abderahmane (SEN)

Бинобар зиёд набудани теъдоди иштирокчиён дар вазни -100кг, Абубакри Акобир рақобатро аз чорякниҳоӣ оғоз кард. Дар ин давр ӯ бо ҷудокори маъруф ва пурқуввати Қазоқистон – Ислам Бозбаев нерусанҷӣ кард. Дар оғози вохурӣ Бозбаев бо “сэое нагэ” аз Абубакр имтиёзи "ваза-ари" касб кард, вале ҷудокори сангинвазни кишвар талошҳояшро идома дода, ниҳоятан як дақиқа монда ба охири рақобат ҳарифро ба тахтапушт зад ва бо "иппон" ғолиби ин рақобат гашт.

Дар нимниҳоӣ аз Музаффарбек Турабоеви ӯзбек шикаст хурд, вале дар мубориза барои нишони биринҷӣ бар Қайсар Хан аз Покистон бо ду "ваза-ари" пирӯз шуд ва барандаи медали биринҷӣ гашт.
Final results -100kg:
1) TUROBOYEV Muzaffarbek (UZB)
2) GASIMOV Elmar (AZE)
3) SISMANLAR Mert (TUR)
3) ABUBAKRI Akobir (TJK)
5) BOZBAYEV Islam (KAZ)
5) KHAN Qaisar (PAK)

Ҳамакнун, фардо тими мардони кишвар дар рақобатҳои даставӣ ширкат меварзанд. Тибқи қуръакашӣ мунтахаби Тоҷикистон дар даври аввал бо дастаи Ӯзбекистон қувваозмоӣ мекунад.
Тими бонувони кишвар бошад, бо сабаби нопурра будани ҳайат да рақобатҳои даставӣ ширкат намеварзад.