Исмоили Маҳмадзоир - Президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

19 ноябр дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва  варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ, аъзоёни кумитаи иҷроияи федератсия, мураббиёну доварон ва варзишгарон ширкат карданд. Рӯзномаи Конференсия аз ду масъала- Интихоби Президенти Ташкилоти ҷаъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ва интихоби ноиби президент иборат буд.

Пас аз тасдиқи рӯзнома ва тартиби кори ҷаласа ҳозирин ба баррасии масъалаи аввали Конфронс- интихоби президенти нав шуруъ намуданд. Вобаста ба масъалаи мазкур қайд карда шуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер Президенти феълии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон пешниҳод шуд. Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.

Бояд ёдрас намоем, ки тӯли чанд соли охир ҷудокорони тоҷик тавонистанд, ба натиҷаҳои баланд даст ёфта, Парчами тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ  баланд бардоранд. Аз ҷумла, ду медали тилло аз қаҳрамонии ҷудои Осиё, ду медали заррин аз қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон, медалҳои тилло аз Гран Приҳо ва Гранд Слам, ҳамзамон чандин паҳлавонон ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалию қоравӣ гардидаанд. Вале дар ин радиф мушкилиҳо низ мавҷуданд, ки онҳо бештар мушкилиҳои молӣ, набудани шароити мусоид ва муосир баҳри баргузории машқҳои дастаҷамъона ва монеаҳо дар сафарбаркунии варзишгарон ба мусобиқаҳои байналмилалӣ ва будубоши онҳо дар  хориҷ аз кишвар рабт доранд, ки ҳамакнун умед аст бо интихоб шудани  перзиденти нав ин  камбудиҳо бартараф карда мешаванд.
Яке аз вазифаҳои муҳими тамоми масъулин ва роҳбарияти тозаинтихоби Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ин дарёфти шумораи бештари роҳхатҳои олимпӣ ва махсусан медали деринтизори олимпӣ мебошад.  Исмоили Маҳмадзоир дар навбати худ барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, афзуд ки баҳри рушди ҷудо дар мамлакат, дастгирии варзишгарон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузи  варзишии кишвар  тамоми кӯшиши худро ба харҷ медиҳад. 
Ногуфта намонад, ки Исмоили Маҳмадзоир тӯли солҳои охир ба густариши варзиш ва оммавӣ гардонии тарбияи ҷисмонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда,  дар самти дастгириии дастаи футболи “Равшан”-и Кӯлоб нақши босазо гузошта истодааст. Дар баробари ин клуби ҷудои "Ҳоҷӣ Шариф"-ро сарпарастӣ намуда, дар тарбияи ҷудокорони наврасу ҷавон саҳмгузор мебошад.


Ҳамзамон аз рӯйи  масъалаи дуюми  рӯзномаи ҷаласа Нурулло Лоиқ ба симати ноиби Президенти  ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар давраи солҳои 2022-2026 пешниҳод гардида, якдилона аз ҷониби иштирокчиён қабул шуд.