ЧЕМПИОНАТИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН 2023

Рӯзҳои 11-12 феврал дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе бо дасгирии Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир бошукӯҳтарин  мусобиқа дар таърихи ҷудои тоҷик бо иштироки 230 мард ва 6 бону баргузор гардид.


Барои тамошои ин мусобиқа ҳаводорони зиёди ҷудо аз сартосари Тоҷикистон дар давоми ду рӯз ҳузур доштанд ва дар анҷом бо изҳори хушнудӣ барои ташкил ва баргузории мусобиқа баҳои баланд доданд.  Коршиносон иброз доштанд, ки мусобиқа дар сатҳи байналмиллалӣ гузаронида шуд. 
Дар охир ҷоизадорон аз номи Президенти Федератсия бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ шудаанд.  Ҳамчунин собиқадорони ҷудо низ аз ҷониби роҳбари федератсия қадрдонӣ гардиданд. 

-60кг 1. Гулов Ҳақдод  2. Муҳаммад Маҳмадизода  3. Суфиев Меҳрзод  3. Маҳмадов Саъдӣ
-66кг 1. Нуралӣ Эмомалӣ  2. Саидаброров Шаҳзод  3. Мелибойзода Фируз  3. Додоф Ориф
-73кг 1. Наҷмиддинов Муҳаммадшариф  2. Шеров Абубакр  3. Ҷаборов Иллҳомиддин  3. Рамазонов Мирзоҷамил
-57кг  1.Қаландарова Шаҳида 2.Гулбоева Фазилат  3. Бекназарова Рӯзафзун
-63кг  1. Назарова Ҷонона 2. Одинаева Мавлуда 3. Ҳалимова Қурбонгул 
-81кг 1. Абдуҷалилов Муҳаммадҷон 2. Сайфидинзода Сайфидин  3. Раҷабов Ҳамроз 3. Расулов Умар 
-90кг 1. Назаров Ҳақназар  2. Раҷабов Умедҷон  3. Ҳакимов Кароматулло  3. Муродов Акмал 
-100кг 1. Раҳимов Исроил  2. Алимардонов Саидҷамол 3. Нуриддинзода Ворис 3. Раҳимов Улуғбек
+100кг 1. Раҳмон Мансур  2. Елмуродов Иброҳим  3. Башири Фахриддин  3. Одинаев Муҳаммад



Аз номи роҳбарияти ФҶТ ба тамоми ҳаводорони ҷудо барои иштироки фаъолонаашон миннатдорӣ баён менамоем ва умедворем, ки дар оянда мусобиқаҳои беҳтару бошукуҳтар баргузор кунем.