Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир бо ҷараёни машқу тамрини тими мунтахаби Тоҷикистон аз наздик ошно шуд.

22 феврал президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир бо ҷараёни машқу тамрини тими мунтахаби Тоҷикистон аз наздик ошно шуд.



Ҷамъомади машқию таълимии тими мунтахаби Тоҷикистон аз 16 феврал оғоз гардида то 26 феврал идома меёбад. Машқҳои дастаҷамъона омодагӣ ба Гранд Слами Тошканд аст, ки 3-5 март баргузор мегардад. Ҷудочиёни тоҷик дар ҷамъомади 10-рӯза бо роҳнамоии мутахассиси ҷопонӣ Тамура Тору ба мусобиқаи мазкур омодагӣ дида истодаанд.