Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни наврасон

11-12 марти соли равон дар шаҳри Хуҷанд Чемпионати Тоҷикистон оид ба ҷудо миёни наврасон баргузор гардид. 

Дар чемпионат, ки тибқи қоидаҳои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) аз рӯи 8 категорияи вазнӣ миёни писарон ҷараён гирифт, беш аз 200 варзишгар дар ҳайати 9 даста – се даста аз шаҳриДушанбе, ду даста аз вилояти Хатлон, дастаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, водии Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд иштирок карданд.   Дар маросими кушодашавии Чемпионат ноиби аввали Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков ба иштирокчиён Паёми Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоили Маҳмадзоирро расонид.   Таъкид гардид, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ба рушди варзиши ҷудо миёни наврасон таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад. Маҳз аз миёни Шумо варзишгароне ба воя мерасанд, ки оянда мисли Расул Боқиев, Комроншоҳ Устопириён, Темур Раҳимов, Сомон Маҳмадбеков, Эмомалӣ Нуралӣ ва дигарон парчамбардори Тоҷикистони азиз дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мегарданд.   Бо баргузор намудани ин чемпионат мо аз ҳисоби ғолибону ҷоизадорон дастаи мунтахаби наврасонро ташкил мекунем, ки онҳо кишвари моро дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, чемпионатҳои Осиё ва ҷаҳон намояндагӣ хоҳанд кард. Аз рӯзҳои нахустини фаъолият мо кӯшишҳои худро бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати варзиши ҷудо дар мамлакат равона сохта, бо ин мақсад ҳамкориҳоро бо шарикони байналмилалӣ ба роҳ монда истодаем.   Аз ҷумла, моҳи феврали соли равон Федератсия бо ширкати “J-Spirit”-и Ҷопон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда, тасмим гирифтааст, ки тайи ду соли оянда дар панҷ минтақаи мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд марказҳои ҷудо сохта ба истифода диҳад. Боварӣ дорам, ки ин ташаббусҳо ҷиҳати тарбияи ҷудокорони номвар замина фароҳам меоранд. Дар маросими ҷоизасупории чемпионат роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ва дигар меҳмонон иштирок карданд. 

  Ба ғолибону ҷоизадорони чемпионат аз номи Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон муҳтарам Исмоили Маҳмадзоир тӯҳфаи хотиравӣ ва мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.