ҲАЙАТИ ТИМИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ШИРКАТ ДАР ЧҶ-2023 МУАЙЯН ШУД

7-14 майи соли равон дар шаҳри Доҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад.

 

Тибқи низомнома дар чемпионат варзишгароне ширкат карда метавонанд, ки дар радабандии ҷаҳонӣ (нашри 3 апрел) дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд. 

 

Коллегияи мураббиёни тими мунтахаби кишвар варзишгарони зеринро барои ширкат дар Чемпионати ҷаҳон пешниҳод кардаанд:

 

-66кг - Эмомалӣ Нуралӣ

-66кг - Шаҳбоз Саидаброров

-73кг - Беҳрӯз Хоҷазода

-81кг - Шодмон Ризоев

-81кг - Сомон Маҳмадбеков

-90кг - Комроншоҳ Устопириён

-90кг - Ҷаҳонгир Маҷидов

-100кг – Абубакри Акобир

+100кг - Темур Раҳимов

 

Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ мешавад. Фонди ҷоизаҳои чемпионат 1 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим мегардад. Дар рақобатҳои даставӣ бошад, барои ҷои якум 90 000 евро, барои ҷои дуюм 60000 евро ва барои ҷои сеюм 25000 евро пешбинӣ шудааст.

 

Ҳамчунин, варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар радабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд. Аз ҷумла ғолибон 2000 хол, барандагони ҷои дуюм 1400, ҷои сеюм 1000 хол ва ҳамин тавр барои иштирок 20 хол мегиранд.