ДУШАНБЕ БОРИ АВВАЛ МИЗБОНИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶУДО МЕШАВАД

2-4 июни соли равон дар шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе баргузор мешавад.




Ин чорабинӣ бо дастуру ҳидоятҳои Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир мегардад.

 

Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

 

Дар Гран Прии Душанбе иштироки варзишгарони беш аз 50 давлат дар назар аст.

 

Мизбонии чунин мусобиқаҳои байналмилалӣ боиси рушди бештари варзиш, хусусан варзиши ҷудо дар кишвар хоҳад гашт.