ФЕДЕРАТСИЯИ ҶУДОИ ТОҶИКИСТОН ФУРӮШИ БИЛЕТҲОРО БА ГРАН ПРИИ ДУШАНБЕ ОҒОЗ КАРД


Федератсияи ҷудои Тоҷикистон фурӯши билетҳоро ба аввалин мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе оғоз кард.

 

Билетҳоро барои ҳар рӯзи мусобиқа алоҳида метавонед аз қароргоҳи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон (гузаргоҳи 1-уми кӯчаи Неъмат Қарабоев-17/1) харидорӣ кунед.

 

Нархи як билет 50 сомонӣ буда, маблағи аз ин ҳисоб бадастомада, бо дастури президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон, муҳтарам Исмоил Маҳмадзоир ба корҳои хайр сарф мешавад.

 

2-4 июни соли 2023 дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ шоҳиди нахустмусобиқаи сатҳи байналмилалии ҷудо дар Тоҷикистон бошед, ҷудокорони тоҷикро дастгирӣ кунед, аз зебоиҳои ҷудо, беҳтарин партофтҳои ҷудокорони ҷаҳон ҳаловат баред ва дар дастгирии дармондагону ятимону беморон саҳм гузоред.